- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар шаҳри Душанбе як гулгашти замонавӣ таҷдид ва ба истифода супорида шуд

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии гулгаштҳо дар шаҳри Душанбе, тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2018,№ 89-ф сохтмони гулгашт, ки дар бурриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Неъмат Қарабоев то кӯчаи Мушфиқӣ, мавзеи 2 ба Кумита вабаста гардида буд, сохта ба истифода супорид.

Дар расми кушодашавии гулгашти  мазкур, ки санаи 7 сентябри соли 2019 сурат гирифт,  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити   зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иштирок намуданд. Баъд аз  дидан кардан аз корҳои сохтмонию сабзгардонии мавзеи вобасташуда ҳайат дар ҳузури ҳозирин баромад намуда, ин ҳама зебоиҳои диёрро ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  сиёсати созандагию бунёдкоронаи Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд. Раҳимзода Т. ҳамзамон аз номи Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба онҳое, ки дар азнавсозии ин мавзеъ саҳми худро гузоштанд, арзи сипос намуд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои ба сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонию сабзазоркунӣ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сарфароз гардонда шуд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи гулгашти мазкурро Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-татқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» омода намудааст. Масоҳати умумии гулгашт 8200 м2-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла масоҳати роҳраву гузаргоҳҳо  150 м2, масоҳати кабудизоркунӣ 7850 м2 мебошад. Дар ду тарафи мавзеи мазкур 180 адад дарахти арча (можевельника) ва 10 000 адад арчаи навъи  туяи шарқӣ шинонида шуд.

Ҳамзамон, корҳои сохтмони гузаронидани қубурҳои обгузар барои обёри гулгаштро пудратчӣ Корхонаи воҳиди таъмирии сохтмонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба итмом расонд.

Дар ин гӯшаи таҷдидгардида муҷассамаҳои ҳайвоноти зебои Тоҷикистон ва шиору овезаҳои таблиғоти ҳифзи муҳити зист насб гардидаанд, ки бинандаро ба гуногунрангии табиати нотакрори Тоҷикистон ошно месозад. 

Иловаи шарҳ