- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Чорабинии тантанавии Кумита бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 сентябри соли 2019 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандону мутахассисон  баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ  Қурбоналӣ ҳозиринро ба ин санаи сарнавиштсози миллат Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику шодбош гуфт.

Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ  барои тарҳрезӣ ва амалӣ гардонидани нақшҳои давлатдории навин дар 28 соли охир ҷиҳати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона, инчунин  рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши калон дорад.

Хосатан, қайд гардид, ки ҳамаи дастовардҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ ва пешрафту шукуфоии мамлакат бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муттаҳидии  мардуми сарбаланди тоҷик  ба даст омаданд.

Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади иҷрои ҳадафҳо ва вазифаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, эълон гардидани солҳои 2019-2021   “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳифзи муҳити зист — омили ҷалби сайёҳон ва рушди деҳот» дар байни кормандони васоити ахбори омма озмуни эҷодӣ эълон намуд. Дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ озмуни мазкур  ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян карда шуданд.

Сипас аз ҷониби сардори Маркази ахбори экологии Кумита  Тиллоева Г., фармоиши Раиси Кумита  аз 2 сентябри соли 2019, №71 “Дар бораи мукофотонидани ғолибони озмун” қироат карда шуд. 9 нафар рӯзноманигор  ба гирифтани дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ барои ишғоли ҷойҳои якум, дуюм, сеюм дар се номинатсия ва 10 нафар рӯзноманигори дигар барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо Ифтихорномаҳои Кумита сарфароз гардонида шуданд. Раиси Кумита ба ғолибони озмун тӯҳфаҳоро тақдим намуда, дар ин зимн зарурати инъикоси васеи корҳое, ки оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодабарии оқилонаи захираҳои табиат, баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ аз ҷониби васоити ахбори омма ба амал бароварда мешаванд, қайд намуд.            Раиси Кумита ба кормандону мутахассисони  соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рӯзноманигорони ғолиби озмун барори кор ва фаъолияти пурсамару  эҷодкориро баҳри  пешрафту шукуфоии Ватани азизамон таманно намуд.

Иловаи шарҳ