- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории чорабиниҳои аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара иттилоъ медиҳад, ки тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2019, №07 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал», бахшида ба таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳои амалиёти «Тозагии маҳал» гузаронидашуда  истодааст.

Аз ҷониби шӯъба  дар моҳи сипаришуда  санаҳои 24, 25 ва аз 31 август то 06 сентябри  соли 2019 дар кӯчаҳои ҷамоати шаҳраки Данғара, дар маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти Корез, Лолазор ва Оқсу,  дар назди маҷмааи хушаи гандум, Қасри фарҳанги ноҳия, ду тарафи шафати роҳи мошингарди собиқ фурудгоҳи ноҳия ва шафати шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб, дар маҳалаи 7-ум ва деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Оқсу бо иштироки ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, аҳолии ҷамоатҳои зикргашта ва масъулини ҷамоати шаҳраки Данғара аксияи «Тозагии маҳал» гузаронид.   

Дар ин аксияҳо 4 партовгоҳи ғайрирасмӣ бо пуррагӣ тоза карда шуда, дар ҳаҷми 46 метри кубӣ партовҳо ва алафҳои худрӯ тоза карда бо воситаи як адад техникаи борбардор ва се адад нақлёти боркаш аз тарафи КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия ба партовгоҳи ноҳиявӣ бурда шуд.

Иштироккунандагони аксияи мазкур 430 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногунро ташкил дод. Дар рӯзи аксия кормандони муассисаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии шаҳраки Данғара хати сабзи кучаҳои ҷамоати шаҳракро аз алафҳои бегона тоза намуда бехи ниҳолҳоро нарм карданд ва дарахтону гулугулбутаҳои дар хати сабз сабзишдоштаро бо ду адад нақлёти обкаш шуста, бо об таъмин намуданд.

Иловаи шарҳ