- Хабарҳо

Истиқлолият неъмати бебаҳост

5 сентябри соли 2019 дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ  баргузор гардид.

Сардори Раёсат Нӯмонзода Т. бо сухани ифтитоҳӣ ҳамаи кормандонро бо фарорасии ин санаи  муҳими таърихӣ самимона муборакбод  намуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии Роҳбари хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашанавда ва комилҳуқуқӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи сиёсати муваффақонаи хориҷии худ бо аксари кишварҳои олам робитаҳои дипломатиро ба роҳ монд, ки ин равобит ба манфиати мардуми мамлакат самараҳои нек ба бор овард. 

Инчунин, таъкид гардид, ки Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва зерсохторҳои он барои  бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми қувваю ғайрати хешро равона сохта, дар пешрафту гулгулшукуфоии Ватани маҳбуб саҳми хешро мегузорад.

 

Иловаи шарҳ