- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрии Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ бо намояндагони Институти ҳифзи муҳити зисти Финляндия

5 сентябри  соли 2019 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ   бо   намояндагони  Институти ҳифзи муҳити зисти Финляндия  Кирсти Крогерус, Теро Вяйсянен, Катарина Бёрклёф ва Кати  Притси    баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷониби Финляндия роҷеъ ба амалишавии  давраи якуми лоиҳаи «Рушди иқтидор дар соҳаи мониторинги обҳои рӯизаминӣ» ва дастовардҳояшон дар таъмини ташхисгоҳҳои Маркази назорати таҳлилӣ ва Агентии обуҳавошиносии Кумита   бо таҷҳизот ва реагентҳои химиявӣ ва баргузории даврҳои омӯзишӣ барои кормандони Кумита  маълумот доданд.

Тибқи маълумотҳо соли 2020 давраи дуюми лоиҳаи мазкур бояд ба фаъолият шурӯъ намояд. Тарафҳо масъалаҳоеро, ки имрӯз ҳалталаб мебошанд, ба давраи дуюми лоиҳа пешниҳод намуданд.             

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда Раиси Кумита таваҷҷӯҳи иштирокдорони  вохӯриро ба вазифаҳои дарпешистодаи вобаста ба амалишавии «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028» ва вазифаҳои дар ин самт гузошташуда ҷалб намуд.   

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, тарафҳо роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои мавриди назар ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ