- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрии Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ бо Берихард Адам

4 сентябри  соли 2019 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо намояндагони  дафтари  марказии  Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия дар шаҳри Бонн  таҳти роҳбарии Берихард Адам ва коршиносони байналмилалӣ   баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои Кумита бо    Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия (GIZ) дар самти амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба  тағйирёбии иқлим, пешгирии деградатсияи замин, истифодаи самараноки чарогоҳҳо, идоракунии сифати об   мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 

Дар навбати худ ҷаноби  Берихард Адам ба Раиси Кумита оид ба нақшаҳои  GIZ дар амалисозии барномаҳо барои ҳамкорӣ то давраи солҳои 2025, ки  бо дастгирии Иттињоди Аврупо  ба нақша гирифта шудааст, маълумот дод.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда Раиси Кумита таваҷҷӯҳи Берихард Адамро ба таҳким бахшидан ба раванди ҳамкориҳо бо GIZ ва Иттиҳоди Аврупо  дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо барои  беҳдошти вазъи муҳити зист, обёрӣ, рушди хоҷагии қишлоқ пешбурди мониторинги чарогоҳҳо  ҷалб намуд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои  баррасигардида ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ