- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Ҳашари умумӣ дар ш. Душанбе ба истиқболи ҷашни Истиқлолият

Бо мақсади дар сатњи баланд таҷлил намудани 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳашари умумишаҳрии навбатӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ сокинони маҳаллаҳо ба ҳашар пайваста, ҷиҳати тоза намудани назди корхонаву муассисаҳо, бартараф намудани алафҳои бегона, покиза намудани гирду атроф аз партовҳои маишӣ, гулхорҳо ва батартибдарории ҳудуди маҳалли зист як қатор корҳои ободониро дастҷамъона ба сомон расониданд.

Дар ҳашар 18347 нафар иштирок намуд, ки дар натиҷа  1404556 м2 гирду атрофи биноҳо ва роҳравҳо рубучин гашта, 30586 метри тулонӣ ҷӯйбору обравҳо тоза карда шуд. Ҷиҳати сари вақт баровардани партовҳо 93 адад техника ва механизмҳо сафарбар шуда, аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ба миқдори 88,7 тонна партовҳои сахти маишӣ ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 45445 донаи гулҳои мавсимӣ ва дар масоҳати 450 м2 майсазор кишт карда шуд.

Ҳолати экологии пойтахт зери назорати доимӣ қарор дода шуда, баҳри таъмини тозагию озодагии   ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳо тадбирҳои муассир андешида мешавад.

Иловаи шарҳ