- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади  дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни    28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди корҳои ободонию созандагӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҷойҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Ҳафтаи равон дар мавзеи соҳили Сирдарё ва як қатор кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти  шаҳр иқдоми аксияи «Тозагии соҳил» ва корҳо дар самти хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо гузаронида шуд.

Дар доираи ин аксия, ки ду тарафи дарёи Сирро дарбар мегирифт,  беш аз 300 нафар ҷавонон ва шахсони касбу кори гуногун ширкати фаъолона намуданд.

Чунин чорабиниҳо пайваста аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шуда, ба кори он сокинони маҳаллаҳо ҷалб      карда        мешаванд.

Иловаи шарҳ