- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Фархор

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Бахши ҳифзи муҳити зист ва мақомоти ҳокимияти давлатии  ноҳияи Фархор баҳри тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-7 сентябри соли 2019 имрӯзҳо дар 10 маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Фархор аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуда истодааст. Дар аксияи мазкур  раисони  кумитаи маҳал ва сокинони ноҳия фаъолона иштирок менамоянд.

Дар натиҷаи тоза намудани маҳал, то инҷониб ба миқдори 8 м3 партовҳои  ҷамъовардашуда ба партовгоҳи ноҳиявӣ кашонида шуд. Корҳои ободонию созандагии марбут ба ҳифзи муҳити зист бомаром идома доранд.

Иловаи шарҳ