- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари шаҳрвандон дар бењтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар миқёси вилоят аксияи «Тозагии соҳил-2019» гузаронида шуд.                                         

 Дар чорабинии мазкур  22087 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 19,36 км ҷӯйбору латокҳо, 4,8 км соҳили каналҳо, 1,5 км соҳили заҳбуру заҳкашҳо, 37,04 км соҳили сойҳо, 1,0 км соҳили обанборҳо ва 0,1 км соҳили дарёҳо аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд. Дар натиҷа 51,56 тонна партовҳо бароварда шуда, ба партовгоҳҳои хоҷагиҳои манзилии коммуналии шаҳру ноҳияҳо ҷойгиронида шуд.

Иловаи шарҳ