- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бо мақсади тозаву озода намудани муҳити зист, бахшида ба  28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти  Суғд аксияи  «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар ин аксия кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ,  сокинони  маҳаллаҳо ва соҳибкорон  дар ҷамъи  26795 нафар иштирок намуданд.

Дар ҷараёни аксия  ҳудуди ҷойҳои  истиқоматӣ ва қади роҳҳо,  тақрибан  ба масофаи 4 км  ва чӯйборҳо ҳудуди 3,8 км аз партовҳо тоза карда шуда, 226,5 м3 партовҳо ба партовгоҳҳои  расмӣ  бароварда шуд.

Баргузории чунин аксияҳо  рӯзҳои шанбе дар миқёси вилоят ба нақша гирифта шудааст .

Иловаи шарҳ