- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории ҳашари умумӣ дар шаҳри Истаравшан

Тибқи иттилои Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тозаю озода нигоҳ доштани ҳолати экологии шаҳр  санаи 31 августи соли 2019 дар тамоми қаламрави шаҳр шанбегии умумӣ гузаронида шуд.

Дар шанбегии мазкур кормандони корхонаву идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони алоҳида иштирок намуданд, ки шумораи онҳо 840 нафарро ташкил дод. Дар натиҷа ду канори ҷӯйбори обгузари дохили шаҳр, кӯчаҳои марказӣ ва ҳудуди биноҳои маъмурии назди корхонаву муассисаҳо ба масоҳати 8,2 км аз партовҳои мавҷуда  тоза карда шуд.

8,4 тонна партовҳо ба воситаи техникаи боркашонии КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Истаравшан ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Иловаи шарҳ