- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Амалиёти навбатӣ дар самти олами наботот

Баҳри  иҷрои  супоришҳои  протоколии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6  июли 2019 «Оид ба пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар самтҳои ҳифзу истифодаи самараноки захираҳои табиии  наботот, ҳайвонот, захираҳои моҳӣ ва баланд бардоштани нишондодҳои  соҳавӣ» аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мунтазам амалиёти назорати гузаронида шуда истодааст.

Ин навбат ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом шаҳрванд Неъматов Ғ. аз ҷамоати деҳоти Патар   боздошт карда шуд, ки  бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдор бо даравидани қамиш машғул буд. Бо ин далел нисбат ба қонунвайронкунанда Неъматов Ғ.  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маводҳо барои андешидани чораҳо ба  бахши ҳифзи муҳити зисти ш. Конибодом  ирсол  карда  шуд.

Иловаи шарҳ