- Хабарҳо

Муҳокимаи лоиҳаи Консепсияи рушди иқтисодиёти «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 августи соли 2019 дар толори маҷлисии меҳмонхонаи «Серена» дар шаҳри Душанбе лоиҳаи Консепсияи рушди иқтисодиёти «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаи коршиносон қарор дода шуд.  Дар муҳокимаи масъала муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Назарзода Зарина ва Роҳбари масъалаҳои иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе Филиппо Кривелларо иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Баъдан, аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ Шарипова Ойхон лоиҳаи Консепсияи рушди иқтисодиёти «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйнамоӣ гардид. Пас аз рӯйнамоӣ намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони Марказҳои Орхуси маҳаллӣ дар муҳокимаи масъала иштирок намуда,  фикру андешаҳои худро барои мукаммал намудани ҳуҷҷати мазкур баён доштанд. Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки пеш аз ҳама матни консепсияи мазкур ба забони давлатӣ тарҷума гардида, барои мукаммал ва ба меъёрҳои стандартӣ ҷавогӯ намудани ин ҳуҷҷати муҳим, ки барои татбиқи ҳадафи 4-уми стратегӣ-саноатикунонии мамлакат аҳамияти муҳим дорад,   олимону коршиносони бештар ҷалб карда шаванд.

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ фикру андешаҳои иштирокдорон қобили қабул дониста шуда, иброз дошта шуд, ки муҳокимаҳои мазкур ба сифат ва мазмуни ҳуҷҷати мазкур таъсири мусбат хоҳад расонд.

 

Иловаи шарҳ