- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Зоркӯл яке аз мавзеъҳои диданӣ дар Бадахшон

Зоркӯл дар қисмати шарқии Бадахшон, ки аз рӯи тақсимоти маъмурӣ ба ҳудуди ноҳияи Мурғоб дохил мешавад, ҷойгир аст. Он дар баландии 4126 м аз сатҳи баҳр мавқеъ гирифта, равандҳои техногенӣ ва дигар равандҳои геологӣ сабаби пайдоиши ин кӯл гардидааст.

Сарчашмаи ғизогирии кӯли мазкур дарёчаҳои Қароҷилгаю Мухурчилоб мебошад. Дар баробари рӯдҳои зикргардида, ҷараёнҳои мавсимию доимии сершуморе дар ғизогирӣ ва ташаккулёбии он сабаб гаштааст.

Оби Зоркӯл ширин буда, минералнокии он миёна, ҳарораташ дар тобистон ба 8-150С ва дар тирамоҳ ба 6-80С мерасад.

Ҳангоми баромад Зоркӯл дарёи Помирро сероб менамояд ва аз рӯи таснифоти дохилиҳавзавии дарёи Панҷ он ба ҳавзаи дарёи Помир мутааллиқ мебошад.

Зоркӯл дар майдони 38,8-39 км2 доман паҳн намуда, дарозияш 22 – 25 км, паҳнояш 3500 – 4500м ва жарфаш (чуқурӣ) 3–5,5 метрро ташкил медиҳад. Ҳавзаи ғизогирии кӯл ба 1080 км2 баробар мебошад.

Баҳри ҳифзи гуногунии биологӣ ва табиати нотакрори атрофи кӯл соли 2000-ум дар атрофи он мамнуъгоҳи «Зоркӯл» ташкил карда шудааст, ки ин мамнуъгоҳ дар майдони 87,7 гектар доман афрохта, дар ҳудуди он ҷонвароне парвариш меёбанд, ки ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ворид гардидаанд.

Иловаи шарҳ