- Хабарҳо

Семинари омӯзишӣ оид ба истифода ва насби домҳои банаворгирӣ

Рӯзҳои 24-25 августи соли 2019 дар дараи Қаратоғи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Турсунзода бо иштироки 20 нафар намояндагони ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, хадамоти гумрук ва сарҳад, намояндагони ҷомеаҳои маҳалӣ семинари омӯзишӣ доир ба истифодаи домҳои банаворгирӣ ҳайвоноти ваҳшӣ ва гузаронидани корҳои мониторингиву биотехникӣ доир карда шуд.

Дар семинари омӯзишӣ кормандони Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ ва Маркази миллии амалигардонии нақшаи миллии фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърузаҳо баромад намуда, доир ба методу усулҳои гузаронидани мониторинг, мушоҳидаи ҳайвоноти ёбоӣ аз ҷумла Бабри барфӣ аз истифодаи домҳои банаворгирӣ ва корҳои биотехникӣ, ташкили бренди миллии саёҳӣ баромаду муҳокимарониҳо карда шуд.

Иловаи шарҳ