- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Мониторинги ҳайвоноти ёбоӣ бо истифодаи технологияҳои информатсионии (СМАРТ патрулирование)

Рӯзҳои 16-20 августи соли 2019 аз тарафи Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, Лабораторияи илмӣ тадқиқотии ҳифзи табиат ва Маркази миллии амалигардонии нақшаи миллии фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Парки милии Сангвори ноҳияи Сангвор ва парки милии Лахши ноҳия Лахш тренинги омӯзишӣ бо иштироки 21 нафар кормандони ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ ва хоҷагии ҷангал доир ба истифодаи технологияҳои информатсионии мониторинги ҳайвоноти ёбоӣ (смарт патрулирование) ва корҳои саҳроӣ доир ба омӯзиш ва мониторинги олами ҳайвоноти ёбоӣ доир карда шуд.

Дар тренинг мушовири байналмилалӣ аз Фонди Табиати Ваҳшии Федератсияи Русия (WWF) Карнаухов Александр даъват шуда буд, ки доир ба тарзу усулҳои истифодаи системаи электронии мониторинги табиати ёбоӣ (смарт патрулирование) ва истифодаи домҳои банаворгирии ҳайвонотӣ ёбоӣ (фотоловушка) дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар натиҷа иштирокчиёни трениг дар мавзеҳои ағбаи Кафтар, Хазрати Бурх, ағбаи Пиётри якум ва мавзеҳои Мук, Қандоб ва Кавдал бо истифода аз телефонҳои мобилӣ ки бо барномаи  системаи электронии мониторинги табиати ёбоӣ (смарт патрулирование) муҷаҳазонида шуда буд, шиносоӣ пайдо намуда, тарзи ворид намудани маълумотҳоро доир ба ҳайвоноти ёбоӣ, истифода ва насб намудани домҳои банаворгирӣ дар саҳро ва гузаронидани мониторингу муайян намудани ҳайвоноти ёбоӣ аз ҷумла Бабри барфи аз худ намуданд.

Дар натиҷаи мушоҳидаҳои саҳроӣ дар мавзеи Кавдали ноҳияи Тоҷикобод изи пои Бабри барфӣ бо писараш ва изҳои бузи куҳии сибирӣ муайян карда шуданд.

Иловаи шарҳ