- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Дар ноҳияи Шаҳринав ҷамъоварӣ ва коркарди ғайриқонунии шираи растании камол ошкор карда шуд

Дар рафти гузаронидани амалиёти муштарак  аз ҷониби нозирони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум карда шуд, ки дар мавзеи Тошохури деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав як гурӯҳ сокинони ҷамоати деҳоти «Ориён»-и шаҳри Ҳисор ба ҷамъоварӣ ва коркарди ғайриқонунии шираи растании камол машғул будаанд.

Ҳангоми азназаргузаронии мавзеи мазкур муайян гардид, ки замини мавриди назар ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ истифода шуда, масоҳати он наздик 30 га-ро дарбар мегирад. Дар мавзеи номбурда 6 нафар бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва бе риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифода ва ҳифзи олами наботот фаъолият намуда, 12 ҳазор адад шумораи буттаҳои растании камолро худсарона коркард намудаанд.

Инчунин дар ҳудуди заминҳои болозикр дар майдони 0,4 га ба миқдори 900 адад буттаҳои растании камоли коркардшуда муайян карда шуд, ки аз сабаби риоя накардани тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди шираи растанӣ, буттаи он пурра хушк шудааст.

Аз тарафи нозирони Кумита нисбат ба 6 нафар маводи зарурӣ  тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба прокуратураи ноҳияи Шаҳринав фиристода шуд.  

Иловаи шарҳ