- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Дар асоси нақшаи корӣ аз ҷониби  мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи  ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо кормандони  БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади коҳиш додани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шоҳроҳи  Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 67 адад нақлиёти автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши таҳлилӣ (аналитикӣ) гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбат ба 9 нафар ронандагон, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят  ирсол гардид.

Иловаи шарҳ