- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Корҳои ободониву созандагӣ дар кӯҳистони Мастчоҳ

Корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кӯҳистони Мастчоҳ бомаром идома дорад.

Дар  баробари ташкил намудани ҳашарҳо ҳар ҳафта дар ҳудуди ноҳия корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бо аҳолӣ низ мунтазам гузаронида мешавад. Дар маҷлиси навбатие, ки ҳафтаи равон бо намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузаронида шуд, фаъолон ва аҳолии ҷамоатҳо  иштирок намуда, оид ба масъалаҳои сазовор пешвоз гирифтани идҳои миллӣ, иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳашарҳои умуминоҳиявӣ, вусъат додани корҳои созандагӣ ва бо ҳамин васила баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мавриди баррасӣ ва таваҷҷӯҳи иштирокдорон қарор гирифт.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои рӯидастгирифта корҳои тозагиву озода намудани  муҳити зист идома дорад.  

Иловаи шарҳ