- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Идомаи корҳои ободонӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ, тозагии муҳити зист ва сабзу хуррамгардонӣ бо маром идома дорад. 

Дар шаҳри Бохтар ҳамарӯза дар қитъаҳои гулкории шоҳроҳ тоза намудани атрофи гулҳо аз алафҳои бегона сурат гирифта, обёрӣ, додани нуриҳои минералӣ ва парвариши гулҳо, дарахтони сояафкан зери назорати доимии кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр қарор дорад.

Аз тарафи кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят санаи 10 август бо ҷалби сокинони кӯчаҳои Ваҳдат-1-и шаҳри Бохтар  аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки иштироккунандагони чорабинии мазкур 35 нафарро  ташкил дод. Чунин корҳои марбут ба ҳифзу солимгардонии  муҳити зист дар дигар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Бохтар  низ гузаронида мешавад.                                                                       

Иловаи шарҳ