- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҳашари умуминоҳиявӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони корхонаву ташкилот ва сокинони маҳал иштирок намуданд.  Дар натиҷа кӯчаҳои марказии асосӣ, назди корхонаву ташкилотҳо аз партов тоза ва биноҳои маъмурӣ таъмиру сафед карда шуд.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ба камбизоатон, расонидани кӯмаки моддӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов хонаҳои истиқоматии 2 оилаи камбизоат  таъмир  карда  шуд.

Ҳашарҳои умуминоҳиявӣ дар тамоми ҳудуди ноҳия бомаром идома дорад.      

Иловаи шарҳ