- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Муомилот бо партовҳо дар шаҳри Душанбе таҳти назорати доимӣ қарор дорад

Тибқи маълумоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, бо мақсади банизомдарории реҷаи баровардани партовҳо қарори Раиси шаҳри Душанбе  аз 01.04.2010, № 186 мавриди амал қарор дода шуда, ҷойгир намудани партов ба нуқтаҳои партовҷамъкунӣ  барои аҳолӣ аз соати 1700 то 2300  муайян карда шудааст. Тибқи маълумоти дастрас дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1529 адад  нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва шахтаҳои биноҳои истиқоматии баландошёна барои ҷамъ кардани партовҳои  аҳолӣ, корхонаҳо, иншоотҳо, нуқтаҳои хурди савдо ва хӯроки умумӣ мавҷуд аст, ки аз он 606  адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, 369 адад дар корхонаҳо ва 554 адади онро шахтаҳо ташкил медиҳанд.

Ҳар рӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» аз ҳисоби корхонаҳои партовкашони ноҳияҳои пойтахт ва корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳисоби миёна 650 -750 тонна партовҳо бароварда шуда, дар маҷмӯъ дар нимсолаи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 140797,19 тонна партовҳои сахти маишӣ бароварда шудааст.

Ҷиҳати риоя накардани қонунгузориҳо дар самти партовҳо нисбат ба 429 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор мутобиқи моддаҳои 220, 223, 232, 238, 239-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима баста шудааст.

Гузашта аз ин, баҳри иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  тозаю озода намудани муҳити зист, кӯчаю хиёбонҳо, роҳҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар давоми нимсолаи соли ҷорӣ 22 маротиба шанбегиҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуда, дар он 420254 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуда бо ҷалби 1185 адад техника ба миқдори 2229,68 тонна партовҳо аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд.

Ҷиҳати иҷрои Фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2019 , №07 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал»  ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди маҳаллаҳои пойтахт 3 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» роҳандозӣ гардид.          

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар баробари пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар ин самт ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, вобаста ба баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва иҷрои талаботҳои фасли 5-и Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе бо сокинони кӯчаву хиёбонҳо суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд.

Иловаи шарҳ