- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории ҳашари умумӣ баҳри тозагии муҳити зист дар шаҳри Истаравшан

10 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд  шанбегии умумӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур кормандони ташкилоту муассисаҳо,  аҳли ҷамоатчигии шаҳр дар шумули дӯстдорони табиат  иштирок намуда, ду канори ҷӯйбори обгузари дохили шаҳрро ба масофаи 5,2 км ва гирду атрофи  биноҳои ташкилоту муассисаҳои маъмуриро аз партовҳои сарироҳӣ тоза намуданд. Ҳамзамон, дар ин ҳашари дастаҷамъона ду канори роҳи мошингузари ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон», аз шаҳраки Гулисурх то осоишгоҳи Уротеппа бо ҷалби 130 нафар сокинони шаҳр аз алафҳову партовҳо тоза карда ба тартиб дароварда шуд.

Корҳои ободонию солимнигоҳдории муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Сабристон бо иштироки 350 нафар, дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол бо ҷалби 35 нафар, дар ҷамоати деҳоти Гули сурх бо ҷалби 25 нафар, ва дар маҳаллаи Зафари шаҳр бо ҷалби 20 нафар ҷараён гирифт.

Дар маҷмуъ 11,5 тонна партов ба тариқи техникаҳои боркашон ва борбардори КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Истаравшан ба  партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Иловаи шарҳ