- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории ҳашари дастаҷамъона дар ноҳияи Зафаробод

Дар асоси нақша-чорабиниҳо баҳри истиқболи сазовори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10 августи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод ҳашари умумӣ гузаронида шуд. Дар ҳашари шанбегии мазкур зиёда аз 560 нафар намояндагони корхонаю муассисаҳо ва дигар табақаҳои аҳолӣ иштирок намуданд. Дар ҳашар  ба масофаи  5920 м2 ҷуйборҳо, 2700 м каналҳо тоза, ба масоҳати 450 м2  бинои иншоотҳои гуногун сафед карда шуд.  Инчунин, нуқтаҳои партовҷамъкунии муваққатӣ аз партовҳо тоза ва таъмир карда шуд. Ҳашари умуминоҳиявӣ дар  шаҳраку деҳотҳои ноҳия идома дорад.     

Иловаи шарҳ