- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Идомаи корҳои ободонӣ дар шаҳри Турсунзода

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ, тозагии муҳити зист ва сабзу хуррамгардонӣ бомаром идома дорад. 

Дар шаҳри Турсунзода ҳамарӯза дар қитъаҳои гулкории шоҳроҳ тоза намудани атрофи гулҳо аз алафҳои бегона сурат гирифта, обёрӣ, додани нуриҳои минералӣ ва парварши гулҳо зери назорати доимии кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист қарор дорад.

Дар натиҷа ду тарафи роҳи калони автомобилгард аз ҳар гунна алафҳои бегона ва партовҳои сарироҳӣ тоза карда шуд, ки аз тарафи кормандони шуъба барои кори беҳдошти муҳити зист мавқеи фаъоли хешро нишон медиҳад.

Иловаи шарҳ