- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Дар ноҳияи Носири Хусрав аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гашт

Рӯзҳои 7 ва 8 августи соли 2019 бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гардид. Иштирокдорони ин аксия аз ҳисоби сокинони ноҳия 120 нафарро ташкил дода, ба масофаи 3,5 км роҳ ба миқдори 12 куб партовҳо ва хасу хошок рӯбучин гашта, тоза карда шуд.

Корҳои ободонию тозагии муҳити зист ба хотири ҷашни таърихии дарпешистода бомаром идома дорад.

Иловаи шарҳ