- Хабарҳо

Муносибати оқилона бо лампаҳои каммасрафи симобдор

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17. 06. 2011, № 301 – 2 «Дар бораи ба роҳ мондани системаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, безараргардонӣ ва коркарди лампаҳои люминессентӣ ва симобдори аз истифода баромада дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» як қатор корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт ба иҷро расонидааст.

Бо мақсади талаботҳои экологӣ нигоҳдории лампаҳои каммасрафи аз истифодабаромада дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт 130 адад қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор,  бо навиштаҷот, гузошта  шуд. Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт чор нуқтаи қабули лампаҳои симобдори аз истифода баромада амал мекунад.

Бо назардошти ба аҳолӣ расонидани моҳияти тартиби нигоҳдории лампаҳои каммасраф аз тарафи нозирони Раёсат бо аҳолии маҳаллаҳои Шафтолузор, Ҳ. Аҳрорӣ, Ҳ. Назаров, Проектная, кӯчаҳои А.Ғуломов, С.Шерозӣ, Пушкин, Шевченко, Бухоро суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

Дар вохӯриҳо бо аҳолӣ сабаби дар таркиби лампаҳо мавҷуд будани симоб, ки ба гуруҳи моддаҳои заҳрнок дохил мешавад таъкид гардид.

Таъкид бамаврид аст, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати риоя накардани талаботҳои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории лампаҳои симобдори аз истифода баромада нисбат ба 27 нафар протокол тартиб дода шуд.

 Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аҳолӣ бештар аз лампаҳои бесимоби галогенӣ ва лампаҳои диодӣ истифода мебаранд, ки ин лампаҳо дар баробари аз 30 то 91 дарсад  қувваи барқро сарфа намудан ҳамчунон ба саломатии инсон хатар надоранд.

 

Иловаи шарҳ