- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар ноҳияи Мурғоб фестивали “Мо озодапалангро ҳифз мекунем!” баргузор гардид

Санаи 4 август дар мавзеи Аличури ноҳияи Мурғоби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бо иштироки дӯстдорони олами ҳайвоноти нодир, меҳмонони ватаниву хориҷӣ Фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо озодапалангро ҳифз мекунем!” баргузор гардид.

Дар наздикии шоҳроҳи Хоруғ – Мурғоб, меҳмононро муовини Раиси ВМКБ, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, раиси ноҳияи Мурғоб ва дигар масъулони чорабинӣ пешвоз гирифтанд. Сипас бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва дигар меҳмонону мизбонон маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи Бабри барфӣ ё худ Озодапаланг сурат гирифт. Пас аз маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи Бабри барфӣ мактаббачагон аз ҳудуди ноҳияи Мурғоб гимни Озодапалангро суруданд, ки ба меҳмонон писанд омад.

Зимни суханронӣ Раиси Кумита дар ифтитоҳи ҷашнвора доир ба муҳимияти баргузор кардани ин чорабинӣ суханронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳияи баландкуҳи Мурғоб як чорабинии бошукӯҳи дӯстдорони табиат баргузор гашта истодааст. Хусусияти фарқкунандаи Фестивал аз семинару конфронс дар он аст, ки шумораи иштирокчиён бемаҳдуд аст. «Озодапаланг аз дур бо умед ба сӯи мо нигоҳ мекунад, ки аз тарафи одамон ҳифз карда шаванд.»-қайд карда шуд зимнӣ суханронӣ.

Раиси Кумита дар охири суханронӣ бори дигар ба масъулон барои ташкил кардани чунин як чорабинии бошукуҳ изҳори сипос намуда, ба ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия туҳфаҳои варзиширо тақдим  намуд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин Раиси вилоят Ё. Файзов, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ ва Раиси ноҳияи Мурғоб Чошбаев М., суханони табрикӣ намуданд.

Дар баромадҳо қайд карда шуд, ки  дар табиати ин диёр озодапаланг худро озод ҳис мекунад. Ин гуногунрангӣ ва боигариҳои табиати Тоҷикистон бо ҳайвоноти нодираш, ба мисли озодапаланг таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб менамояд. Сайёҳон он кишвареро барои сайру тамошо интихоб мекунанд, ки он ҷо сулҳу оромист ва мардумонаш табиатдӯстанд.

Фестивал бо суруду таронаҳои дилошӯби тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ ба поён расид.

Хотиррасон мешавем, ки дар баргузор кардани фестивал Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, МД “Маркази гуногунии биологӣ ва амнияти биологӣ”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ташкилотҳои ҷамъиятии “Куҳҳои Помир” ва “Барс-2010” саҳми муносиб гузоштанд.

Дарвоқеъ, бамаврид будани ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълон гаштани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хуб эҳсос карда мешуд. Шоҳиди он будем, ки шумораи зиёди меҳмонон аз кишварҳои хориҷи дур ва наздик, мисли Чин, Россия, Қирғизистон, Британияи Кабир, Олмон, Италия ва ғ. иштирок доштанд. Баргузории чунин чорабиниҳои табиатдӯстдорӣ аз як тараф ба ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мавзеъҳои нодир боис гардад, аз ҷониби дигар барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии маҳаллӣ муосидат менамояд.

 

Иловаи шарҳ