- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Дар Хуҷанд аксия-амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд

Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби нозирони бахши экологияи милитсия дар қаламрави шаҳр аксия-амалиёти мақсадноки «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар ҷараёни амалиёт зиёда аз 60 адад автомашинаҳои шаҳрвандон нигоҳ дошта, бо истифода аз дастгоҳҳои махсус аз муоинаи экологӣ гузаронида шуданд.

Иқдоми мазкур бо мақсади кам кардани таъсири зарароварӣ ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар намуди сӯзишворӣ ба муҳити атроф роҳандозӣ гардидааст. Дар ҷараёни амалиёт-аксияи «Ҳавои тоза» ба қонуншиканон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Чунин чорабиниҳо барои  аз ҳавои софу беғубор нафас гирифтани шаҳрвандон мусоидат менамояд.

 

Иловаи шарҳ