- Ҳавои атмосферӣ

Таъсири антропогенӣ ба муҳити зист

Таъсири антропогенӣ ба муњити зисти инсон дар асри ХХ1 ба дараҷае расид, ки устувории биосфера зери таҳдиди ҷиддӣ қарор гирифт. Проблемаҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ ба ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Сабаби ин, пеш аз ҳама, дар он аст, ки шумораи аҳолӣ босуръат афзоиш ёфт, майдони системаҳои экологии вайроннашудаи табиӣ якбора кам гардид, гуногуншаклии биологӣ коҳиш ёфт, барқароршавии захираҳои барқароршавандаи табиӣ (оби нӯшокӣ, гумуси замин, биомасса) аз байн рафт, муҳит бо партовҳои истифоданашуда ифлос гардид.

Миқёси инкишофи саноату нақлиёт ба вазъи атмосфера аз ҳама бештар таъсир мерасонад. Ифлосшавии атмосфера аз манбаъҳои саноат ва нақлиёт ба омилҳои зиёде вобаста мебошад (иқтидори манбаъ, баландии он аз сатҳи замин, таркиб ва ҳарорати газҳои хориҷшаванда, спектри омехтаҳо, маълумотҳои метеорологӣ, навъи ландшафт).

Аз 46 Гт партови антропогении глобалӣ ба атмосфера камаш 98% ба гази ангидриди карбон ва буғи об рост меояд, ки одатан ба гурӯҳи ифлоскунандаҳо дохил намешаванд.

 

Сарчашмаи иттилоот: интернет

Иловаи шарҳ