- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои соҳавӣ дар маҷлиси навбатии ҳафтаинаи Раиси Кумита

5 августи соли ҷорӣ масъалаҳо оид ба супоришҳои протоколии қаблии маҷлисҳои назоратии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тибқи тартиби муайянгаштаи рӯзномаи маҷлис Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба кори маҷлис оғоз бахшида, сипас ҳисоботи сардори шуъбаи назорат ва таҳлилии Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Қосимова Г. С. оид ба фаъолияти назорати давлатӣ, самти маърифатбахшию иттилоърасонии экологии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои коргузории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳафтаи сипаришуда, тибқи вазифагузориҳои протоколҳои  қаблӣ, шунида шуд.

Дар ҳисобот қайд карда шуд, ки нишондодҳои самтҳои назоратии давлатӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳафтаи қаблӣ паст шуд. Аз 10 банди протоколи ҳафтаи қаблӣ иҷрои 4 банд таъмин гардида, 5 банди дигар дар ҳолати корбарӣ қарор дорад ва банди охирон назоратӣ мебошад.

Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси Кумита баромад намуда, изҳори нигаронӣ кард, ки нишондодҳои самтҳои назоратӣ дар ин ҳафта паст шудаанд ва дар ин зимн сабабҳои масъалаи мазкурро аз сардорони шуъбаҳои назорати давлатии Дастгоҳи марказии Кумита як-як  пурсон шуд. Раиси Кумита қайд кард, ки агар то ҳафтаи оянда корҳои пешбурди назорати давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашавад, нисбат ба масъулон чораҳои дахлдор андешида мешавад. Ҳамзамон Раиси Кумита супориш дод, ки сабабҳои  пешниҳод нагаштани ҳисоботи ҳафта аз ҷониби баъзе  шуъбаву  бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳоро омӯхта,  баёноти онҳо оид ба мазъалаи мазкур талаб ва барои андешидани чораҳо пешниҳод карда шавад.

Дар маҷлис, инчунин масъалаҳои маърифатбахшӣ ва иттилоърасонии экологии аҳолӣ, тартиби дурусти корбарии бахши робитаҳои байналмилалии Кумита  оид ба сафарҳои хизматии кормандон ба хориҷи кишвар, фароҳам овардани шароити  корӣ ва маълумоти саривақтию дурусти обуҳавошиносӣ ба аҳолӣ, дигар масъалаҳои марбута мавриди муҳокима ва пурсиш қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалҳои муҳокимагардидаи рӯзномаи маҷлис қарори дахлдор қабул гардид.  

Иловаи шарҳ