- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик

Аз бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба Маркази ахбори экологии Кумита хабар дода шуд, ки санаи 13 июли  соли равон дар ҳудуди ноҳияи мазкур бо иштироки коллективҳои меҳнатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва бо ҷалби васеи аҳолӣ аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Дар аксияи гузаронидашуда зиёда аз 1,5 километр ҷӯй ва обравҳо  аз партоҳо тоза карда шуда, партовҳои ҷамъоварда  ба партовгоҳи ноҳиявӣ кашонида ҷойгир карда шуд.

Тибқи иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Темурмалик аксияҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» аз рӯи нақша ҳафтаҳои минбаъда низ дар нуқтаҳои дигари худуди ноҳия гузаронида мешаванд.

Иловаи шарҳ