- Хабарҳо

Сабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити зист ҷиҳати таҷлили сазовори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати таҷлили сазовори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва баргузории ҳашару шанбегиҳо муташаккилона идома дорад.

Мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода бо мақсади  сабзу хуррам нигоҳ доштани гулу буттаҳои ороишӣ, ниҳоли дарахтони сояафкан,  обёрии саривақтии мавзеъҳои гулкоришуда, тоза намудани  заминҳои кишти гулҳо аз алафи бегона ба масъулин дастур ва  маслиҳати касбӣ медиҳанд.

Санаи 20 июли соли 2019 зиёда аз 500 нафар кормандони корхонаву ташкилотҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ  баромада  дар ҳашари умумӣ иштирок намуда, дар тоза намудани шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода саҳми худро гузоштанд.

Иловаи шарҳ