- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Оғози марҳилаи дуюми аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар ҳудуди шаҳри Ҳисор

Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  шаҳри Ҳисор марҳилаи дуюми аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил»  оғоз гардида, тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиягашта корҳо роҳандозӣ гашта истодаанд.

Дар омодагиҳо баҳри  таҷлили сазовори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 июли соли ҷорӣ сокинони ҷамоати деҳоти Ҳисор ба ҳашар баромада, дар қимате аз ҷойҳо аксияи «Тозагии маҳал» дар қисмати дигари ҷамоати деҳот, ки  дар атрофи дарёи Хонақо ҷойгиранд,  аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар чорабиниҳои мазкур дар маҷмӯъ 140 нафар сокинон иштирок намуда, 4,5м3 партовҳои ба масофаи 500 метр аз соҳили дарё ҷамъшуда, бо истифода аз 2 адад техника,  ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.

Иловаи шарҳ