- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Ҷамъбасти фаъолияти ҳафтаинаи мақомоти ҳифзи муҳити зист

29 июли соли ҷорӣ маҷлиси навбатии ҳафтаинаи Раиси Кумита баргузор шуд, ки дар он фаъолияти ҳафтаинаи ҳисоботии мақомоти ҳифзи муҳити зист  ҷамъбаст гардид.

Мувофиқи тартиби кори маҷлис нахуст ҳисоботи сардори шуъбаи назорат ва таҳлили Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Қосимова Г. С. оид ба фаъолияти назорати давлатӣ ва самти маърифатбахшию иттилоърасонии экологии аҳолӣ мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳафтаи сипаришуда ва рафти иҷрои супоришҳои протоколҳои қаблӣ шунида шуд.

Пас аз шунидани ҳисоботи таҳлилии ҳафта Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти воҳидҳои сохтории мақомоти ҳифзи муҳити зисти  шаҳру ноҳияҳоро баён дошта, аз тартиби ҳисоби зарари номутаносиби ба табиат расонидашуда ва бастани нокифояи ҷаримаҳо аз ҷониби нозирони соҳавӣ изҳори  нигаронӣ намуд. Ҳамзамон, масъалаҳои таҳлили мукаммали ҳисоботҳо, назорати иҷрои бандҳои протоколҳои қаблии маҷлисҳои ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита, самтҳои назорати давлатӣ, аз ҷумла оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар самти таъмини асбобҳои ченкунии ихроҷи воситаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ,  бурдани   мониторинг, дастрас намудани ҳисоботи ҳармоҳаи ниҳолони дар мавсими кабудизоркунӣ имсола шинонидашуда, бурдани назорат оид ба бартараф сохтани камбудӣ роҷеъ ба партовҳои  кӯчаву ҷӯйборҳо,  тарҷумаи маводҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, баробар ворид намудани онҳо барои сомонаи расмии Кумита ва дигар масъалаҳои дахлдори соҳаи  ҳифзи муҳити зист мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, бо назардошти  ин ба масъулони  соҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Раиси Кумита дар робита ба  гармшавии ҳарорати ҳаво ба Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар масъулони соҳавӣ супориш дод, ки хисороти бар асари  тағйирёбии иқлим, аз ҷумла гармии ҳаво дар ҷумҳурӣ бавуҷӯдомадаро омӯхта, барои дар амал татбиқ  намудани  Созишномаҳо оид ба тағйирёбии иқлим ва ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  чораҳои мушаххас андешида шавад.

Дар фаровард, бо назардошти супоришҳои додашуда, қарори дахлдор қабул карда шуд.

 

Иловаи шарҳ