- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Тавсияҳои Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»

24 июли соли ҷорӣ вохӯрии прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукуров Ҷумъабек Қудратшоевич бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси Кумита Абдураҳмонзода Саидумрон Назар оғоз бахшида, суханро ба намояндаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дод.

Қайд карда шуд, ки тибқи нақшаи кории Прокуратураи генералӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 рафти иҷрои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар вазорату идораҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ дар объектҳои санҷишшаванда шомил буд.

Вазъи қонунгузорӣ дар ин самт дар Кумита нишон дод, ки ҳарчанд камбудиҳои ҷиддӣ дар ин самт муйаян нагашта бошад ҳам, баъзе камбудию норасоиҳо дар  тартиби пешбурди корҳо оид ба баррасию муроҷиати шаҳрвандон ошкор карда шуд ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои зарурӣ дода шуд, қайд кард Шукуров Ҷ.

Дар қисмати дигари вохӯрӣ оид ба масъалаи баррасишуда саволу ҷавоб сурат гирифта, кормандони Кумита ба саволҳои додаи худ аз ҷониби намояндаи Прокуратура ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Иловаи шарҳ