- Обуҳавошиносӣ

Дар аксияҳои «Тозагии соҳил-2019» дар шаш моҳи соли ҷорӣ 440 км ҷодаҳо тоза карда шудааст

Ҷиҳати тоза нигоҳ доштани  соҳили манбаъҳои обӣ, пешгирии ифлосшавии онҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4 феврали соли 2019, №10 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аксияи «Тозагии  соҳил-2019» гузаронида шуда истодааст.

Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар аксияҳои гузаронидашуда 89666 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 440 км каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳили дарёҳо  тоза карда шуда, ба миқдори 8502 м3 партовҳо ба партовгоҳҳои расмии шаҳру ноҳиявӣ  бароварда шуданд.

Иловаи шарҳ