- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Газҳои гармхонавӣ чист ва чаро назорати партовҳои онҳо муҳим аст?

Газҳои гармхонавӣ  элементҳои кимиёвӣ  буда,  метавонад боиси гармшавии глобалии иқлим гардад.

Дар ҷаҳон чунин вазъияте ба миён омадааст, ки инсоният оқибатҳои номатлуби ифлосшавии табиатро донад ҳам, хориҷ намудани партовҳои зарарнокро қатъ карда наметавонад. Ин, пеш аз ҳама ба проблемаи  таъсири  газҳои гармхонавӣ, ки дар натиҷаи афзоиши миқдори гази ангидриди карбон дар атмосфераи сатҳи замин   ба вуҷуд омадааст, дахл дорад.

Аммо инсоният на ҳозир ва на дар ояндаи наздик аз манбаъҳои табиии энергия – ангишт, нафт ва газ даст кашида наметавонад.

Ғайр аз ин, партовҳои техногенӣ, ки дар натиҷаи омилҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд, ҳавои атмосфераро ифлос намуда, боиси гармшави иқлим мегардад. Партовҳои техногенӣ ба муҳити ҳаво аз даҳҳо ҳазор моддаҳои инфиродӣ иборатанд. Инҳо заррачаҳои гуногуни сахт (чанг, дуд, дуда), окиси карбон (СО), дуоксиди сулфур (SO2), оксидҳои азот (NO ва NO2), карбогидридҳои гуногуни сабук (СНх), пайвастагиҳои фосфор, сулфид (H2S), аммиак (NH3), хлор (CI), гидрогени фтордор (HF) мебошанд.  

 Бо назардошти он ки ҳавои атмосфера сарҳад надорад ва гармшавии иқлим ба ҳама қитъаҳои кураи замин таъсир мерасонад, танзими партовҳо ба ҳавои атмосфера ва рушди устувори иқтисодиёт бо истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ вазифаи ҳама бошандагони кураи замин мебошад

Иловаи шарҳ