- Хабарҳо

Душанбе- шаҳри сайри экологӣ

Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои ободонию созандагӣ, татбиқи ҳадафу мақсадҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2019-2021” як қатор корҳоро амалӣ намуда истодааст. Тибқи маълумоти мавҷуда дар шаҳри Душанбе 39 меҳмонхона, 75 тарабхона, 125 қаҳвахона, 16 маркази дилхушӣ, 157 ошхона, 4 чойхонаи миллӣ, 17 боғи фарҳангиву  фароғатӣ,  4 гулгашт, 3 кули шиноварию истироҳатӣ, 66 маркази савдо, 27 бозор, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ ва 86 ширкатҳои сайёҳӣ амал мекунанд.

 Дар ҳақиқат имрӯзҳо боғҳои пойтахт ба макони истироҳативу сайёҳӣ табдил ёфта, ҳар рӯз ҳазорҳо меҳмонон ва дилбастагони зебоӣ аз ин боғҳо дидан менамоянд.

Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир ба миқдори 7218 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагии мутобиқ ба иқлим аз хориҷи кишвар ворид карда, дар боғҳои фарҳангӣ шинонида шуд.

      Тибқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 тасдиқ шудааст, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе тайи ҳафт соли оянда ба яке аз шаҳрҳои тараққикарда ва муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир  мубаддал хоҳад гардид, ки он барои ҷалби бештари сайёҳону меҳмонони хоричӣ мусоидат хоҳад кард

Иловаи шарҳ