- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил — 2019» дар ноҳияи Қубодиён

Бахши ҳизфи муҳити зисти ноҳияи Қубодиён бо максади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ин мақсад тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо каналу ҷуйборҳо ва ҷалби бехатари шаҳрвандон дар ҳифзи муҳити зист, тақвият бахшидани маърифати экологии аҳолӣ аз моҳи марти соли 2019 то инҷониб 8 маротиба аксияи экологии «Тозагии соҳил-2019» гузаронида шудааст.

Дар аксия навбатӣ, ки ҳафтаи сипаришуда сурат гирифт,  соҳилҳои дарёи Кофарниҳон, ҷамоатҳои деҳоти ба номи Носири Хусрав тоза карда шуд. Иштирокдорони чорабинии мазкур 55 нафар, бо ёрии 2-адад техникаҳои партовкашонӣ, 1-адад экскваторҳо масоҳати 230 м3-ро тоза намуда, ба миқдори 12 (куб) партовҳо ба партовгоҳи расмии ноҳия бароварда шуд.

Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳар моҳ ҷиҳати  тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёҳо, каналу ҷӯҳборҳо, бо ҷалби шаҳрвандон, аксияи «Тозагии соҳил»ро доир намуда, дар сабзу хуррам тозагии маҳаллаҳо ва соҳилҳои ҳудуди ноҳия  саҳми худро гузошта истодаанд.

Иловаи шарҳ