- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Мусодираи 385 кг моҳии судак

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо мақсади беҳбуд бахшидани ҳифзи муҳити зист, ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва моҳӣ рейдҳои муштаракро бо нозирони шӯъбачаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД дар нуқтаҳои даромадгоҳи чор самти шаҳри Душанбе доир намуда истодааст.

Ҳафтаи равон ҳангоми гузаронидани рейди муштарак дар дидбонгоҳи «Чорбоғ» аз дохили воситаи нақлиёти сокини ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб Рафиев Субҳоналӣ Мирзоалиевич (рақами давлатиаш 35-21 НН 01/тҷ) ба миқдори 385 кг моҳии судак дарёфт ва мусодира карда шуд. Номбурда мехост ин навъи моҳиро бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намояд.

Нозирони Раёсат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо нозирони шӯъбачаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии шаҳри Душанбе 10 маротиба рейдҳои муштарак оид ба ғайриқонунии фурӯш ва интиқоли моҳӣ ва пешгирии ҷамъоварии ғайриқонунии растаниҳои шифобахшу хурданибоб гузаронида, аз шаҳрвандон ба миқдори 2358 кг  моҳӣ мусодира карда шуда, нисбат ба қуруқшиканҳо бо моддаи 210-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода, ба суди ҷои истиқомат равон карда шуд.

Гузашта аз ин, дар рафти рейдҳои муштарак дар дидбонгоҳи «Чорбоғ» аз шаҳрвандон 18 сар кабк мусодира карда, ба Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» супорида шуд.

Барои ҷамъоварии ғайриқонунӣ ва фурӯши растаниҳои шифобахшу хурданибоб нисбат ба 10 нафар муҷрим протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 1760 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Рейдҳои муштарак оид ба ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо дар самти ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор идома дорад.

Иловаи шарҳ