- Хабарҳо

«Дар маърифатнокии экологии наврасон фаъол бояд буд»

Баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии наврасон, дар қалби онҳо ташаккул додани муносибати эҳтиёткорона ва ғамхорона нисбат ба табиат, дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дирӯз дар истироҳатгоҳи тобистонаи бачагонаи “Эделвейс”-и н.Шаҳристон корманди бахши ҳифзи муҳити зисти н.Шаҳристон бо истироҳаткунандагон – наврасон ва мураббиёни онҳо вохӯрӣ ташкил намуд.

Ба наврасони истироҳатгоҳ, ки аксарият хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва берун аз он мебошанд, оиди ҳифз ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, гузоштани саҳми арзанда дар беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа, махсусан дар ноҳияи Шаҳристон, ки яке аз минтақаҳои туристӣ маҳсуб меёбад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ин иқдом бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар дигар истироҳатгоҳҳои  вилоят низ ба нақша гирифта шудааст.

Иловаи шарҳ