- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

РИВЕТИНАИ КОНДАРА

Rivetina monticola (Mistshenko, 1956)

Қатори Гаҳвораҷунбонҳо. Mantoptera

Оилаи Гаҳвораҷунбонҳо. Manteidae

Мақоми ҳифз

Намуди осебпазир. VU.

Паҳншавӣ

Дар  Кондара  (кӯҳсори  ҷануби қаторкӯҳи  Ҳисор)  дар  баландии аз  1200  то  1800  м.  аз  сатҳи  баҳр вомехӯрад.

Муҳити сукунат

Сокини  муқаррарии  нимбиёбон аст.  Дар  гирду  атрофи  Олимтой риветинаҳо  дар  кавар  (Capparis Spinosa),  ки  дар  он  ростболҳо (хӯроки  гаҳвораҷунбонҳо)  афзоиш мекарданд  дучор  меомад.  Танҳо дар теғаи кӯҳҳое, ки қисми ҷануби Кондараро  фаро  гирифтаанд сукунат дошт.

Саршумор

Аввали  солҳои  50–ум  дар нишебиҳои  ҷануби  каторкӯҳи Ҳисор (Кондара) намуди муқаррарӣ буд.  Ҳангоми  баҳисобгирии  соли 1951  маълум  шуд,  ки  ин  намуди гаҳвораҷунбон  дар  1  га  биотопи хос то 60 адад вомехӯрад. Эҳтимол охирҳои  соли  1960  пурра  нест шудааст.  Дар  солҳои  баъдӣ  онро дар  мавзеъҳои  пештараи  сукунат дарёфт накарданд.

Хусусиятҳои биологӣ

Тобистон як маротиба насл меорад. Тухмгузориаш  ба  гаҳвораҷунбони калон  шабоҳат  дорад.  Миёнаҳои моҳи  июл  аз  тухмҳо  кирминаҳо пайдо  мешаванд.  То  давраи болиғӣ  ширинча,  дуболаҳои  хурд ва  минбаъд  малахҳои  гуногунро мехӯрад.

Омилҳои маҳдудкунанда

Сабаби  асосии  нест  шудани  ин намуди гаҳвораҷунбон ба фаъолияти мунтазам  коллексионерҳо  ва номуратаб  тайёр  кардани  хошок вобаста мебошад.

Тадбирҳои ҳифз

Идома  додани  ҷустуҷӯи  ин намуди  гаҳвораҷунбон  ва  дар парваришгоҳҳои  махсус  нигоҳ доштани он зарур дониста мешавад. Биологияи  риветинаи  Кондараро омӯхта, онро ҳифз бояд кард.

Иловаи шарҳ