- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

ФИССИДЕНСИ ҚАРАТОВӢ

Fissidens karataviensis Sams.

Оилаи Fissidentaceae

Мақоми ҳифз

Намуде,  ки  дар  зери  таҳдиди маҳвшавӣ  қарор  дорад.  EN.  Хоси Помиру  Олой  ва  Тиёншони  Ғарбӣ аст.  Яке  аз  қадимтарин  ушнаҳои дорои  танаю  барги  мансуб  ба биофлораи  давраи  сеюми  Осиёи Марказӣ ҳисоб меёбад.

Аҳамият ва мақоми илмӣ

Аҳамияти чандон зиёд надорад. Дар ботлоқзорҳо,  ҷангалзорҳо,  ҳамроҳ бо  дигар  намудҳои  ушнашаклон ҷиҳати  ҳосил  шудани  торф  ва ҳосилхез  гаштани  хок,  гардиши моддаҳои  органикӣ  дар  табиат муҳим  аст.  Ушнашаклон  яке  аз гурӯҳҳои  қадимӣ  ва  мустақили растаниҳо мебошанд.

Паҳншавӣ

Дар  нишебиҳои  қаторкӯҳҳои Туркистон,  Зарафшон,  Ҳисору Дарвоз вомехӯрад.

Муҳити рушд

Дар  сангҳои  зери  об,  ҷӯй, шаршараҳо,  инчунин  чормағззору фаркзорҳо (дар баланди 1500–2000

м аз сатҳи баҳр) месабзад.

Намуди ҳамшабеҳ

Ба  F.  grandifrons  Brid.,  ки  дар Ҳоларктика  маъмул  аст,  хеле монандӣ дорад.

Шумора

Кам  мондааст.  Захираи  он  маълум нест.  Дар  ҳудуди  рушдгоҳ  камёфт буда, чимаки хурд ҳосил мекунад. Bryophyta

Хусусиятҳои биоморфологӣ

Чимакҳои  нарм,  дурушт,  бенури сиёҳча ё сабзи хокистарранг дорад. Навдааш  сафед,  гоҳе  кабудча мебошанд.

Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ

Кӯҳкорӣ ва хушк шудани дарёчаву чашмаҳо  боиси  маҳдуд  шудани муҳити рушди он мегардад.

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ

Афзоиш  ба  воситаи  гард  дар шароити  таҷриба  ва  сунъӣ  қайд нашудааст.

Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ

Наомӯхтаанд.

Тадбирҳои ҳифз

Муҳити  рушди  онро  ҳифз  бояд кард.

Иловаи шарҳ