- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Шикорчиёни ғайриқонунии моҳӣ дастгир шуданд

Ҳангоми гузаронидани назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи  захираҳои моҳӣ, аз ҷониби нозирони самти марбутаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, дар якҷоягӣ бо нозирони милитсияи экологии вилояти мазкур, назди соҳили дарёи Кофарниҳон дар ноҳияи Қубодиён амалиёти фаврӣ гузаронида шуд.

Автомашинаи тамғаи Опел Астра, рақами  қайди давлатиаш ТJ 21-43 АВ 03 боздошт карда шуд, ки дар дохили бордони автомашинаи мазкур 1 адад қайиқи резинӣ, таҷҳизотҳои худсози барқӣ бо тамоми лавозимоташ, дар 1 адад халтаи полиэтиленӣ дар дохили он моҳиёни ғайриқонунии зерини шикоршуда, мавҷуд буд:

-20 адад симмоҳии шарқӣ (леш);

-640 адад ширмоҳӣ;

-1 адад зағорамоҳӣ;

 -2 адад карас.

Муайян карда шуд, ки тариқи автомобили номбурда дар  маҷмӯъ 663 адад бо вазни 30 кг моҳиҳои мавриди назар ғайриқонунӣ интиқол дода мешуданд.

Дар вақти азназаргузаронӣ муайян гардид, ки шаҳрвандон Ҳайитов Ҳасан, Маматмуратов Намоз ва Тураев Исмоил, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён моҳиҳоро аз дохили дарёи Кофарниҳон бо таҷҳизоти худсози барқии манъшуда (электроудочка) шикор намудаанд, ки ба муҳити зист ба маблағи 36465 (сиву шаш ҳазору чорсаду шасту панҷ) сомонӣ зарар расонида шудааст. Нисбат ба номбаршудагон мавод тартиб дода ба Шуъбаи таҳқиқи Раёсати Вазорати корҳои дохилии  дар вилояти Хатлон буда барои чораҷӯӣ пешниҳод карда шуд. 

Қайд кардан бамаврид аст, ки намуди симмоҳии шарқӣ моҳии нодир буда, дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки сайди шикори онҳо қатъиян маън аст.

Иловаи шарҳ