- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Баргузории амалиёти «Кукнор — 2019» дар вилояти Суғд

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кўкнор — 2019», якҷо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2019, №6172(31-6) ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни 2019, №51 бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 24 июни 2019, №57 «Дар бораи амалиёти «Кўкнор-2019» ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кори ин ситод тасдиқ карда шудааст.

Шӯъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба гузаронидани амалиёти «Кўкнор-2019» бо мақомотҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, дар ин самт корҳои тарғиботию ташвиқотиро пурзўр намуда истодаанд. Оид ба масъалаи мазкур дар ҳудуди фонди давлатии ҷангал аз тарафи шўъбаю бахшҳои Раёсат якҷоя бо намояндагони мақомотҳои қудратӣ ва муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят гузаронидани амалиётҳои муштарак ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни аҳолӣ ба нақша гирифта шуд.

Дар рафти гузаронидани амалиётҳои муштарак дар деҳаҳои ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Деваштич, Ашт, Шаҳристон, Айнӣ, Панҷакент, Исфара ва Зафаробод оид ба роҳ  надодани кишту парвариши растаниҳои нашъадор байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида шуд.

Бино бар маълумоти кормандони шуъбаи мубориза бар зидди  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои махсус беш аз 5 млн бех  растании худрӯи  нашъадор  ошкор  гардид. Асосан ин намуди растанӣ  дар  ҳар гуна боғҳо,  пойгоҳҳои обкашӣ, ҷӯйбор ва гирду атрофи заминҳои  кишоварзии корам мерӯяд. Ҳолатҳои коридан  ё парвариши махсуси ин гуна растанӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар мувофиқа бо намояндагони сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хама гуна растаниҳои нашъадори ошкоргардида, несту нобуд гардиданд. Лозим ба ёдоварист, ки ин якумин  марҳилаи   амалиёти «Кукнор — 2019» мебошад. Марҳилаи дуюми амалиёт дар моҳи ноябр дар назар дошта шудааст.

 

Иловаи шарҳ