- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Фарқи озони статосфера аз озони қабати наздизаминии Сайёра

Озони стратосфера аз озони қабати наздизаминии сайёра фарқ мекунад. Озони қабати наздизаминӣ дар натиҷаи партовҳои корхонаҳои саноатию воситаҳои нақлиёт ва реаксияҳои онҳо дар шароитҳои муайяни обу ҳаво ба вуҷуд меояд. Он як қисми гази фотохимиявӣ ва ангезандаест, ки метавонад пиронсолон ва кӯдаконро ба бемории роҳҳои нафас гирифтор намояд, инчунин ба растаниҳо таъсири манфӣ расонад.

Қабати озон барои нигоҳ доштани ҳаёт дар рӯи замин аҳамияти бағоят калон дорад. Он як навъ полоишест (филтрест), ки сатҳи заминро аз афканишоти зарарноки ултрабунафш (УБ-В) ҳимоя мекунад.

Агар суръати вайроншавии молекулаҳои озон назар ба суръати пайдошавии молекулаҳои нав дар шароитҳои табиӣ зиёдтар бошад, ба қабати озон хавфи тунукшавӣ таҳдид мекунад. Тунукшавии қабати озон хусусиятҳои муҳофизатии онро кам менамояд, аз ин рӯ дараҷаи радиатсияи УБ-В зиёд мегардад. 1% кам гардидани миқдори озон боиси 2% зиёд шудани саратони пӯст ва суст шудани системаи масунияти одамон мегардад. Афзоиши шиддати афканишоти УБ-В, инчунин ба вайроншавии мувозинати дуоксиди карбон ва оксиген бурда мерасонад.

Вайроншавии қабати озон ба саломатии инсон ва муҳити зист таъсири калон мерасонад. Омилҳои асосии таъсири радиатсияи УБ-В инҳо ба шумор мераванд:

  1. Суст шудани масунияти одам аз сабаби вайроншавии КДН. Дар натиҷа миқдори бемориҳои сирояти зиёд шуда, барномаҳои мустаҳкамгардонии масунияти аҳолӣ фоидаи дилхоҳ намедиҳанд. Маълум аст, ки радиатсияи УБ-В боиси пайдошавии саратони пӯст шуда, дар шакли омосҳои хушзот (камзарар) ва омосҳои гуногуни бадзот зоҳир мегардад. Зиёдшавии радиатсияи УБ-В метавонад ба бемориҳои гуногуни чашм (масалан оби марворид ё худ катаракта) ва нобиноӣ бурда расонад.
  2. Вайроншавии қабати озон ба зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва ҷангалзорҳо таъсири манфӣ мерасонад.

 

 Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера

Иловаи шарҳ