- Хабарҳо

Омодагиҳо ба истиқболи ҷашни Наврӯз

Бо истифода аз ҳавои мусоиди баҳорӣ  баҳри ҷашни сазовори Наврӯзи байналмилалӣ имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонию кабудизоркунӣ бомаром идома доранд. Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавсими ниҳолшинонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳазорҳо бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, мевадиҳанда ва  гулу гулбуттаҳои гуногуннавъ шинонида мешавад, ки ба намои муҳити зист ва атроф зебоии дигарро зам менамояд.

Дар сабзу хуррамгардонии мавзеъҳои диёр саҳми кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист бисёр калон аст. Дар рӯзҳои шанбегӣ ва чорабиниҳои аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал», ки имрӯзҳо бо ҷалби шумораи зиёди аҳолӣ ва кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорону хонандагон, устодону донишҷӯён бомаром идома дорад, барои беҳдошти муҳити зист ва гулгулшукуфоии  ҳар гӯшаву канори Ватани азизамон мусоидат менамояд.

Ба хусус, кормандону мутахассисони Дастгоҳи марказии Кумита дар назди бинои маъмурӣ  ҳашару шанбегиҳои дастаҷамъона гузаронида, замини назди биноро  нарму мулоим ва дар он гулҳои рангоранги мавсимӣ шинониданд.

Чунин корҳои ободонию поккорӣ баҳри беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки бевоситаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам гузаронида шуда истодааст.

Иловаи шарҳ