- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Дар ҳолати шикастани лампаҳои каммасрафи люминатсионӣ чӣ бояд кард?

Дар дохили  лампаҳои каммасраф  миқдори ками симоб  мавҷуд бошад ҳам, дар ҳолати шикастан ва паҳн гаштани он ба ҳаво таъсири манфии худро ба саломати одамон мерасонад. Барои бартараф кардани зарари ин лампаҳо, бояд аз дастурамали мухтасари зерин  истифода намуд.

Дастури мухтасар:

  1. Ҳангоми шикастани ин намуди лампаҳо дарҳол зарур аст, ки терезаҳоро кушода ҳавои  хонаро дар муддати на камтар аз 25 дақиқа тоза  намоед.
  2. Дар ягон ҳолат, бе дастпӯшаки резинии муҳофизатӣ лампаҳои шикастаи симобдорро ба дастатон нагиред.
  3. Ҳеҷ гоҳ пораҳои лампаи шикастаро бо чангкашак ё ҷорӯб ҷамъ наоред.
  4. Қоғази ғафсро гирифта, дар рӯи он пораҳои шикаста ва пошхӯрдаи лампаҳороро ҷамъ карда, дар дохили зарфи шишагин ҷойгир намоед ва даҳони онро бо сарпӯш маҳкам намоед.
  5. Ҷои пошхӯрдаи пораҳои шикастаи ин намуди лампаро бо порчаи латта ё тозакунакҳои якаратаи қоғазин пок намоед ва латтапора ё қоғазпораи покнамударо  дар дохили зарфи шишагин ҷойгир карда, даҳони онро бо даҳонпӯш маҳкам намоед.
  6. Зарфи шишагине, ки дар он пораҳои шикастаи лампаҳо ва латтаву қоғазпораҳо маҳкам карда шудааст, ба нуқтаҳои қабули лампаҳои камасрафи аз кор баромада супорида шавад.

Иловаи шарҳ